Главная / Ҷамъият / Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 23-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз инҳо иборатанд:

– маблағҳои ба шоҳидон, шахсони холис, мутахассисон,  коршиносон (экспертҳо) ва тарҷумонҳо пардохтшаванда;

– маблағҳои барои нигоҳдорӣ, интиқол (таҳвил) ва таҳқиқи далелҳои шайъӣ харҷшуда.

  1. Дар ҳолатҳои бо Кодекси мазкур пешбинишуда хароҷот  вобаста ба пешбурди парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси воқеӣ аз ҳисоби шахси воқеӣ пардохт карда мешавад.
  2. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  нисбати  шахси  ҳуқуқӣ, ба истиснои  маблағҳои ба тарҷумон пардохтгардида аз ҳисоби шахси ҳуқуқӣ рӯёнида мешавад. Маблағҳое, ки ба тарҷумон вобаста ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ пардохт шудааст, аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.
  3. Хароҷот  вобаста  ба  пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми қатъ гардидани  пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  нисбати онҳо дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
  4. Андозаи хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ба парванда ҳамроҳ кардашуда, ки мавҷудият ва ҳаҷми масрафҳои ба хароҷот нисбатдодашударо тасдиқ мекунанд, муайян карда мешавад.
  5. Ҳалли  масъалаҳои хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ ё қатъ  кардани  пешбурди  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …