Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Муқаррароти умумӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 228-и Кодекси Меҳнат. Муқаррароти умумӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

  1. Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷойи кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
  2. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, ў ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 4 моддаи 26 Кодекси мазкур муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зарарноку хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд уҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити меҳнат дар ҷойи кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.
  3. Хусусияти дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омўзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …