Главная / Ҷамъият / Рухсатии кормандоне, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Рухсатии кормандоне, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Моддаи 226-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии кормандоне, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Ба кормандоне, ки кўдакони навзодро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кўдаки навзод – яксаду даҳ) рўзи тақвимӣ аз рўзи таваллуди кўдак барояшон рухсатӣ дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то расидан ба як солу шашмоҳагӣ ва сесолагӣ нигоҳубин кардани кўдакашон (моддаи 224 Кодекси мазкур) рухсатӣ дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …