Главная / Ҷамъият / Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

Моддаи 225-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

  1. Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кўдаки то сесола ё кўдаки маъюб доранд, корфармо уҳдадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.
  2. Корфармо уҳдадор аст, занонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …