Главная / Ҷамъият / Рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак

Рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак

Моддаи 224-и Кодекси Меҳнат. Рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак

  1. Баъд аз ба охир расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кўдак то ба як солу шашмоҳагӣ расидани ў рухсатӣ дода, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ дода мешавад.
  2. Барои нигоҳубини кўдак то ба се солагӣ расидани ў рухсатии бемузд бо хоҳиши кормандони зерин дода мешавад:

– бо интихоби падару модар – ба модар ё ки ба падари кўдак;

– ба падар ё модари танҳое, ки кўдакро тарбия менамояд;

– бибӣ, бобо, дигар намояндаи қонунии кўдак, ки кўдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;

– ба корманд, ки кўдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст.

  1. Рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидан ба се солагӣ метавонад пурра ё қисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, аз рўи интихоби ў истифода карда шавад.
  2. Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кўдак будан, онҳо метавонанд рўзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ гиранд.
  3. Дар вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидани ў ба се солагӣ ба корманд ҷойи кор (мансаб) нигоҳ дошта мешавад.
  4. Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рўи ихтисос дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
  5. Корманд уҳдадор аст, як моҳ пеш аз оғози кор корфарморо дар бораи хоҳиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигоҳубини кўдаки то се сола огоҳ намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …