Моддаи 223-и Кодекси Меҳнат. Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
- Ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рўзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил – ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кўдак – яксаду даҳ) рўзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
- Ба занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, новобаста аз рўзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар маҷмўъ пурра ҳисоб карда, дода мешавад.