Главная / Ҷамъият / Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шашмоҳа доранд

Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шашмоҳа доранд

Моддаи 221-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шашмоҳа доранд

  1. Корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд.
  2. То додани кори дигар ба зани ҳомила, ки таъсири омилҳои истеҳсолии номусоидро истисно менамояд, ў аз кор бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат барои ҳамаи рўзҳои кории гузаронидашуда аз ҳисоби корфармо озод карда мешавад.
  3. Занони кўдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кўдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кўдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори пештараи онҳо дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …