Главная / Ҷамъият / Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ

Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 22-и  Қарори шаҳрсозӣ. Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ

  1. Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
    2. Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд ба ҳайси зерин баромад кунанд:
    – фармоишгарон;
    – таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ;
    – пудратчиён;
    – истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ.
    3. Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд аз мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба таҳия ва қабули қарорҳои вобаста ба банақшагирии дар пешистода, сохтмон ва таҷдиди маҳалҳои аҳолинишин, низом ва ҳудудҳои онҳо, ки қобилияти таъсир расониданро ба фаъолияти шаҳрсозии онҳо дорад, иттилоот гиранд.
    4. Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ вазифадоранд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини ба онҳо барои истифодаи таъиноти мақсаднок додашударо истифода баранд, инчунин ба объектҳои мероси фарҳангӣ, манзараҳои табиӣ ва сунъӣ зарар нарасонанд, ба амале, ки муҳити зистро вайрон мекунад, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти шаҳрсозиро халалдор менамояд, роҳ надиҳанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …