Моддаи 218-и Кодекси Меҳнат. Танаффус барои ғизодиҳии кўдак
- Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хўрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кўдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кўдак, ки кўдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кўдак баъди ҳар се соати кор бо давомнокии зерин танаффус дода мешавад:
– барои як кўдак – ҳар як танаффус на кам аз сӣ дақиқа;
– барои ду ё зиёда кўдак – ҳар як танаффус на кам аз як соат.
- Танаффус барои ғизодиҳии кўдак (кўдакон) дар асоси аризаи кормандони дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, ба танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хўрок ҳамроҳ карда мешавад ё ин ки дар шакли ҷамъшуда дар аввал ё дар охири рўзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори вақти корӣ дода мешавад.
- Танаффус барои ғизодиҳии кўдак (кўдакон) ба вақти корӣ дохил карда мешавад ва дар ин давра музди миёнаи меҳнати зан ё дигар намояндаи қонунии кўдак нигоҳ дошта мешавад.