Главная / Ҷамъият / Иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 218-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳангоми баррасии шикоят ё эътироз нисбат ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё нисбат ба қарорҳои минбаъда оид ба шикоят ё эътироз қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдор мебошанд, фиристонида мешавад.
  3. Агар нисбат ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, қарори мазкур дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, ҳангоми баррасии шикоят ё эътироз бошад, дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди аз суд, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) қарорро қабулнамуда ворид шудани қарор доир ба ин шикоят ё эътироз ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдоранд, фиристонида мешавад.
  4. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдор аст, фиристонида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …