Главная / Ҷамъият / Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

Моддаи 217-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

  1. Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.
  2. Корфармо ҳуқуқ надорад шахсони зеринро бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, инчунин ба сафари хизматӣ фиристонад:

– заноне, ки кўдаки то синни чордаҳ доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кўдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия мекунанд;

– кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд ё кўдакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кўдакони маъюб дар асоси хулосаи тиббӣ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …