Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андоз

Меъёрҳои андоз

Моддаи 216-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андоз

  1. Агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, аз рўи андози иҷтимоие, ки ба буҷет гузаронида мешавад, барои суғуртакунандагон меъёри 25 фоиза ва барои суғурташудагон 1 фоиза татбиқ карда мешаванд.
  2. Барои шахсони воқеии фаъолияти соҳибкории инфиродиро тибқи патент анҷомдиҳанда, аз ҷумла аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ андозаи ҳадди ақали андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.Барои соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома амалкунанда меъёри андози иҷтимоӣ ба сифати шахсони суғурташуда ба 1,0 фоизи манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини (бо назардошти коэффисиенти минтақавии) андози иҷтимоӣ барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқарраршуда, новобаста баандозаи даромади гирифташуда, баробар мебошад.
  3. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба намояндагиҳои дипломатии (консулии) давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд ва хизмат мерасонанд ва андози иҷтимоиро пардохт менамоянд, меъёри андози иҷтимоӣ ба сифати суғуртакунандагон дар ҳаҷми 25 фоиз ва ба сифати суғурташудагон 1 фоиз муқаррар карда мешавад.
  4. Барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини нафақаи соҳибкорони инфиродӣ, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахсони ҳуқуқӣ нестанд ва шахсони дар қисми 2 ҳамин моддапешбинигардидамаблағи умумии андози иҷтимоии мутобиқи муқаррароти боби мазкур пардохтшуда 20 фоизи даромадеро ташкил медиҳад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони воқеии дар боло нишондодашуда гирифта шудааст (эъломия шудааст). Дар ҳолати нокифоя будани собиқаи суғурта, маблағи умумии андози иҷтимоии барои тамоми давраи суғуртаи воқеии иҷтимоӣ пардохтшуда барои даврае амалигашта маҳсуб мешавад, ки он на камтар аз собиқаи ҳадди ақали суғуртавии барои таъин намудани нафақаҳо ва шаклҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ муқарраршуда мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …