Главная / Ҷамъият / Иштироки намояндаи қонунии ноболиғ дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Иштироки намояндаи қонунии ноболиғ дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 214-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иштироки намояндаи қонунии  ноболиғ дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Намояндаи қонунии ноболиғ барои иштирок дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қарори суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) аз лаҳзаи гирифтани баёноти аввал аз ноболиғ роҳ дода мешавад. Ҳангоми иҷозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи қонунӣ ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда фаҳмонида мешаванд.
  2. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад:

– донад, ки ноболиғ барои содир кардани кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  айбдор  карда мешавад;

– ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавие, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, иштирок намояд;

– бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шавад ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он ба тарзи хаттӣ эрод пешниҳод намояд;

– дархост ва раддия диҳад;

– оид ба амалҳо ва қарорҳои суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ  (шахсони мансабдор) шикоят пешниҳод намояд;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳама гуна маълумотро ба андозаи дилхоҳ рӯйнавис намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …