Главная / Ҷамъият / Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Моддаи 212-и Кодекси Меҳнат. Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

  1. Пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рўзи кории кўтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад.
  2. Меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида аз рўи меъёрҳои умумии коркард баробар ба кормандони рўзи кори кўтоҳкардашудаи дар моддаи 127 Кодекси мазкур пешбининамуда, муқаррар карда мешаванд.
  3. Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор дохил гардидаанд, инчунин аз таълими касбӣ дар истеҳсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард муқаррар карда шавад.
  4. Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рўзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …