Моддаи 210-и Кодекси Меҳнат. Муоинаи ҳатмии тиббии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида
Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни ҳаждаҳ расидан ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.