Моддаи 209-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд
- Ҳангоми гузаронидани мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон дар баробари исботи ҳолатҳои дар боби 5 Кодекси мазкур зикршуда бояд ҳолатҳои зерин муайян карда шаванд:
– синну соли ноболиғ (сана, моҳ ва соли таваллуд);
– шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия, дараҷаи инкишофи зеҳнӣ, ирода ва рӯҳӣ, хислат ва миҷоз, талабот ва завқу рағбат;
– таъсири шахсони калонсол ва ноболиғони дигар.
- Ноболиғе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мегардад, мумкин аст, дар вақти баррасии ҳолатҳое, ки метавонанд ба ӯ таъсири манфӣ расонанд, аз муҳокима берун карда шавад.