Главная / Ҷамъият / Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

Моддаи 206-и Кодекси Меҳнат. Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

  1. Ҳангоми бе асосҳои қонунӣ қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ё ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, тағйир додани ҷойи кор, иваз кардани шароити меҳнат, аз кор дур кардан мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор барқарор кардани корманд қарор мебарорад, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қисми 3 моддаи мазкур.
  2. Ба корманде, ки ба кори пештара барқарор карда шудааст, музди миёнаи моҳонааш барои ҳамаи давраи ноилоҷ ба кор набаромаданаш (аз кор дур карданаш) ё фарқи музди меҳнати барои давраи иҷрои корҳои каммузд пардохт карда мешавад.
  3. Қарори мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба ҷойи кори пештара барқарор кардани корманд бояд фавран иҷро карда шавад. Ҳангоми аз ҷониби корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарор дар бораи ба ҷойи кор барқарор кардан, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба корманд пардохт кардани музди миёнаи моҳонааш ё фарқияти музди меҳнати дар давраи ба таъхир мондан, қарор мебарорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …