Главная / Ҷамъият / Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро баррасӣ мекунад

Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро баррасӣ мекунад

Моддаи 206-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро баррасӣ мекунад 

Суд пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ карда, яке аз таъинотҳои зеринро мебарорад:

– доир ба бекор кардани қарор ва равон кардани парванда барои гузаронидани санҷиши иловагӣ  ё мурофиаи нави судӣ;

– дар бораи бекор кардани қарор ва оид ба қатъи парванда, вақте ки санҷиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ барои қабули қарори ниҳоӣ аз рӯи парванда талаб карда намешавад;

– дар  хусуси рад кардани пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …