Главная / Ҷамъият / Аз ҷониби суд ҳал кардани масъалаи аз нав барқарор кардани пешбурд аз рӯи парванда

Аз ҷониби суд ҳал кардани масъалаи аз нав барқарор кардани пешбурд аз рӯи парванда

Моддаи 205-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Аз ҷониби суд ҳал кардани масъалаи аз нав барқарор кардани пешбурд аз рӯи парванда 

  1. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав оғоз кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо тартиби зайл баррасӣ мегардад:

– дар бораи қарори суди ноҳия (шаҳр) – аз ҷониби Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе;

– дар бораи қарори суди ноҳия (шаҳр)-ҳои тобеи ҷумҳурӣ, қарори Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва қарори судҳои ҳарбии гарнизонҳо – аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар бораи қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Баррасии қаблии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ ба баррасии он дар ҳамон марҳилаи судӣ ҷиҳати аз нав оғоз кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
  2. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав оғоз кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи   Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …