Главная / Ҷамъият / Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

Моддаи 203-и Кодекси Меҳнат. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

  1. Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз ҷониби комиссияи мазкур ҳатман ба қайд гирифта мешавад.
  2. Комиссияи созиш уҳдадор аст, баҳсҳои меҳнатиро аз рўзи ворид шудани ариза дар давоми 7 рўзи тақвимӣ баррасӣ намояд.
  3. Баҳс дар ҳузури аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдорнамудаи ў баррасӣ карда мешавад. Баррасии баҳс дар ғоибии корманд ё намояндаи ў танҳо дар асоси аризаи хаттии корманд иҷозат дода мешавад. Дар мавриди ҳозир нашудани корманд ё намояндаи ў ба ҷаласаи комиссияи мазкур, баррасии баҳси меҳнатӣ мавқуф гузошта мешавад. Ҳангоми маротибаи дуюм бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани корманд ё намояндаи ў, комиссияи созиш метавонад дар бораи аз баррасӣ гирифтани масъалаи баҳсӣ қарор қабул намояд, ки он кормандро аз ҳуқуқи такроран пешниҳод намудани ариза дар бораи такроран баррасӣ намудани баҳси меҳнатӣ дар доираи муҳлати муқарраркардаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда наметавонад.
  4. Комиссияи созиш ҳуқуқи ба ҷаласа даъват кардани шоҳидон ва мутахассисонро дорад. Бо талаби комиссия роҳбари ташкилот уҳдадор аст, дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
  5. Ҷаласаи комиссияи созиш дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз нисфи намояндагони кормандон ва на кам аз нисфи намояндагони корфармо иштирок дошта бошанд.
  6. Дар ҷаласаи комиссияи созиш протокол тартиб дода мешавад, ки дар он котиб, раиси комиссия ё муовини ў имзо мегузоранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …