Главная / Ҷамъият / Таъинот дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Таъинот дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
20.04.2018
40 Показы
Моддаи 201-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Таъинот дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида

- Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ намуда, аризаи пешниҳодгардидаро қонеъ мегардонад ва қарор ё таъинотро бекор мекунад ё аз нав баррасӣ кардани онҳоро рад менамояд.
- Оид ба таъинот дар хусуси қонеъ гардонидани ариза ҷиҳати аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳоди шикоят манъ аст.
- Ҳангоми бекор кардани қарор ё таъинот парванда тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-20
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …