Главная / Ҷамъият / Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ

Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 20-и  Қарори шаҳрсозӣ. Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ

  1. Фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳолатҳое таҳти танзими махсус қарор мегирад, агар ин фаъолият бе ҷорӣ намудани қоидаҳои махсуси истифодаи ҳудудҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ имконнопазир ё мушкил бошад.
    2. Объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, ки таҳти танзими махсус (минбаъд – объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус) қарор мегиранд, метавонанд аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дошта бошанд. Мансуб донистани объектҳои мазкур ба объектҳои аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллидошта мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
    3. Фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳолатҳои зерин таҳти танзими махсус қарор мегирад, агар:
    – ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин гирифтори таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ бошанд;
    – ҳудудҳо бо моддаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, микроорганизмҳои заҳрноки зичияшон беш аз ҳадди имконпазир, маводи радиоактивии дар ҳаҷми беш аз ҳадди сатҳи имконпазир олуда шуда бошанд;
    – дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ карда шавад.
    4. Ба объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус метавонанд инҳо дохил шаванд:
    – ҳудудҳое, ки дар онҳо объектҳои мероси фарҳангӣ мавҷуданд;
    – минтақаҳои истироҳатӣ;
    – ҳудуди мамнӯъгоҳҳо;
    – ҳудудҳои рушди дурнамои инфрасохтори нақлиётӣ, муҳандисӣ, сарҳадӣ ва гумрукие, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байнидавлатӣ мебошанд;
    – маҳалҳои аҳолинишини реҷаи махсуси фаъолияти ҳаётидошта (шаҳракҳои ҳарбӣ ва дигар ҳудудҳои реҷавӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, маҳалҳои аҳолинишин дар мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллӣ ва дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда).
    5. Сарҳадҳои объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус метавонанд бо сарҳадҳои воҳидҳои марзию маъмурӣ мувофиқат накунанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
    6. Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин бо роҳи ҷорӣ намудани қоидаҳои махсуси истифодаи ҳудуд амалӣ карда мешавад, ки инҳоро дар бар мегирад:
    – меъёру қоидаҳои махсуси шаҳрсозӣ;
    – тартиби махсуси таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ;
    – додани иҷозати махсус барои сохтмони объектҳо.
    7. Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳо ва дар маҳалҳои аҳолинишини гирифтори ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
    – таҳияи тарҳ ва лоиҳаҳои махсуси ҳифзи ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири мазкур;
    – манъи таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бе баҳисобгирии натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои маҷмӯии муҳандисӣ.
    8. Ҳудудҳои бо моддаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, микроорганизмҳои заҳрноки беш аз ҳадди зичии мавҷуда, моддаҳои радиоактивии ба миқдори беш аз ҳадди зарурӣ олудашуда дар ҳолатҳое, ки агар зисти аҳолӣ ва амалисозии фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигар дар чунин ҳудудҳо ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид намояд, боиси мавқуф гузоштан ва коркарди махсус бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Вобаста ба дараҷаи олудашавӣ ва усулҳои солимгардонии ҳудудҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад реҷаи махсуси истифодабарии онҳоро ҷорӣ ё таъиноти дигари вазифавии онҳоро муқаррар намояд.
    9. Дар ҳудуду маҳалҳои аҳолинишин, ки объектҳои мероси фарҳангӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мавҷуданд, сарҳадҳои минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар карда мешаванд, ки дар доираи онҳо фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияте, ки ба объектҳои мероси фарҳангӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири бад мерасонад ё вазъи онҳоро бад мекунад, мукаммал ва беосеб нигоҳ доштани онҳоро риоя намекунад, манъ карда мешаванд.
    10. Сарҳадҳои минтақаҳои муҳофизати объектҳои мероси фарҳангӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муқаррар гардида, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …