Главная / Ҷамъият / Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 197-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Қарорҳои суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
  2. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда аз инҳо иборатанд:

– дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ   ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, ки боиси қабули   қарори ғайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;

– амали ҷинояткоронаи суд, прокурор, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки боиси қабули қарори ғайриқонунӣ ва беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;

– аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани қонуне, ки суд, прокурор, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) зимни барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии  мушаххас татбиқ намудаанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …