Главная / Ҷамъият / Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

Моддаи 188-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

  1. Эътироз ё шикояти назоратӣ баъди ба суди дахлдор ворид шудан бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба судяи ҳамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд дар мӯҳлати  бист шабонарӯз баррасӣ карда шавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ амали қарори таҳти эътироз ё шикоят қароргирифтаро бозмедорад.
  2. Судяе, ки шикоят ё эътирозро баррасӣ менамояд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дахлдорро аз суди поёнӣ талаб мекунад.
  3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омӯхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

– дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ;

– дар бораи оғоз кардани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ.

  1. Қарори судя бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– сана ва маҳалли қабул кардани қарор;

– номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарорро қабул кардааст;

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;

– ишора ба санадҳои судии мавриди шикоят ва эътироз қароргирифта;

– асосҳои қабули қарор.

  1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд бо қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда қарори судяро бекор карда, мутобиқи сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда қарор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.
  2. Нусхаи қарор ба шахси эътирозоварда ё шикояткарда равон карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …