Главная / Ҷамъият / Тартиби бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти назоратӣ

Тартиби бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти назоратӣ

Моддаи 187-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти назоратӣ

Эътироз ё шикояти назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар ҳолатҳои зерин бе баррасӣ баргардонида мешавад:

– эътироз ё шикоят ҷавобгӯи талаботи Кодекси мазкур набошад;

– эътироз ё шикоятро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат кардан ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;

– мӯҳлати пешниҳоди эътироз ё шикоят нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;

– то қабули эътироз ё шикоят барои моҳиятан баррасӣ кардани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;

– эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод шуда бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …