Главная / Ҷамъият / Ба тариқи назоратӣ шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд
Ба тариқи назоратӣ шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд
19.04.2018
64 Показы
Моддаи 183-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ба тариқи назоратӣ шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд

- Эътироз ё шикоят дар бораи аз нав баррасӣ кардани таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи қонунии ӯ тибқи муқаррароти боби мазкур пешниҳод карда мешавад.
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба қарорҳои суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътироз оварда метавонанд.
- Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ ҳуқуқ доранд бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ барои аз нав баррасӣ кардани қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба тариқи назоратӣ эътироз оваранд.
- Шахси шикояткарда ҳуқуқ дорад онро бозхонад. Прокурори эътироз оварда ва прокурори болоӣ низ ҳуқуқи бозхонди онро доранд. Бозхонди эътироз ё шикоят то оғози маҷлиси судие, ки дар он эътироз ё шикоят бояд баррасӣ гардад, имконпазир аст.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-19
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …