Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он

Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он

Моддаи 181-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он

  1. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои содирот ва истифодаи меъёри пасткардашуда, агар ҳамин моддатартиби дигареро муқаррар накарда бошад,18фоизи муомилотиандозбандишаванда ва (ё) 18фоизи воридоти андозбандишавандаро (минбаъд – меъёри стандартӣ) ташкил медиҳад.Бо меъёри сифр амалиётҳои андозбандишавандаи дар моддаи 172 Кодекси мазкурпешбинишуда андозбандӣ карда мешаванд.
  2. Аз 1 январи соли 2017 то 31 декабри соли 2018 амалиёти андозбандишаванда вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ, расонидани хизматҳои хӯроки умумӣ ва таълимӣ, ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 5 фоиз (минбаъд – меъёри пасткардашуда) бе иҷозати баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Андозсупорандагони дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида дар ҳолати анҷом додани воридоти андозбандишаванда таҳвили минбаъдаи молҳои воридшударо бо меъёри 18 фоиз андозбандӣ карда, ҳуқуқ доранд тибқи моддаи 183 Кодекси мазкур андоз аз арзиши иловашудаи ҳангоми воридот пардохт намудаашонро ба ҳисоб гиранд. Ҳангоми ба дигар мол табдил додани молҳои дар натиҷаи воридоти андозбандишаванда ва амалиёти андозбандишаванда харидоришуда, ҳиссаитаҳвили минбаъдаи чунин моли дигар мутаносибан ба вазни қиёсии молҳои воридшудадар ҳаҷми умумии харид бо меъёри стандартӣ андозбандӣ гардида, ҳиссаи боқимондаитаҳвиличунин моли дигар бо меъёри пасткардашуда андозбандӣ карда мешавад. Андозсупорандагони мазкур ўҳдадоранд, ки тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси мазкур баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро (муомилоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишавандаро) аз рўи ин намудҳои фаъолият амалӣ намоянд.
  4. Муомилотиандозбандишаванда аз арзиши умумии амалиёти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ иборат мебошад.
  5. Маблағи андози аз муомилотиандозбандишаванда ҳисобшуда ҳамчун ҳосили зарби арзиши муомилотиандозбандишаванда ба меъёри дахлдори андоз мутобиқи қисмҳои 1 ва (ё) 2 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  6. Маблағи андози аз воридоти андозбандишаванда ҳисобшуда ҳамчун ҳосили зарби арзиши воридоти андозбандишаванда мувофиқи моддаи 168 Кодекси мазкур ба меъёри дахлдори андоз мутобиқи қисмҳои 1 ва (ё) 2 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  7. Ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда аз муомилотиандозбандишаванда маънои иҷро намудани амалҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва (ё) 5 ҳамин моддаро дорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …