Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар
Meg S
02.04.2018
Ҷамъият
64 Показы
Моддаи 180-и Кодекси Меҳнат. Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар

- Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешакӣ бо корфармо ба маҳалли дигар ба ў тибқи муқаррароти моддаи 179 Кодекси мазкур ҷубронпулӣ дода мешавад, ба истиснои кумакпулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохт карда мешавад.
- Агар корманд ба муҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ў наояд, он гоҳ бо розигии тарафҳо ба ў хароҷоти зисти муваққатӣ дар ҷойи нав метавонад пардохт карда шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарўзӣ зиёд набошад.
- Андозаи мушаххаси ҷубронпулӣ бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, вале он наметавонад аз андозаи муқарраргардидаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, кам бошад.
Кодекси Мехнат 2018-04-02