Главная / Ҷамъият / Муҳлати дар сафари хизматӣ будан

Муҳлати дар сафари хизматӣ будан

Моддаи 176-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати дар сафари хизматӣ будан

  1. Муҳлати воқеии дар сафари хизматӣ будан аз рўи қайд дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ бо рўзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.
  2. Ба муҳлати зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ ба сафари хизматӣ фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
  3. Рўзи рафтан ба сафари хизматӣ, рўзи ба роҳ баромадан аз ҷойи кори доимӣ ва рўзи бозгашт – рўзи омадан ба ҷойи кори доимӣ ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадан то соати 24 рўзи рафтан ба шабонарўзи ҷорӣ ҳисоб карда шуда, пас аз соати 00 ба шабонарўзи оянда дохил мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …