Главная / Ҷамъият / Нораво будани вазнин кардани ҷазои шахси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ содирнамуда ё нисбати ӯ татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Нораво будани вазнин кардани ҷазои шахси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ содирнамуда ё нисбати ӯ татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди марҳилаи кассатсионӣ
19.04.2018
48 Показы
Моддаи 175-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Нораво будани вазнин кардани ҷазои шахси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ содирнамуда ё нисбати ӯ татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди марҳилаи кассатсионӣ

- Суд дар вақти ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки суди марҳилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ин ки қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии сабуктарро татбиқ кунад, вале ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро вазнин намояд ва ҳамчунин қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтарро татбиқ кунад.
- Қарорро бо зарурати татбиқи қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар ё худ барои сабук будани ҷазо фақат дар ҳамон мавридҳо бекор кардан мумкин аст, ки бо ҳамин асосҳо прокурор эътироз оварда ё ҷабрдида шикоят карда бошад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-19
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …