Главная / Ҷамъият / Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ)

Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ)

Моддаи 173-и Кодекси оила. Муқаррар намудан ва рад кардани  падархондӣ (модархондӣ) 

  1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кӯдак аз рӯи таваллуд шаҳрванди он мебошад.

2.Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар  мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани падар (модар)  дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иҷозат дода шуда бошад, падару модари берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи кӯдак, ки ақаллан якеашон  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …