Главная / Ҷамъият / Тасдиқи содироти молҳо

Тасдиқи содироти молҳо

Моддаи 173-и Кодекси Андоз. Тасдиқи содироти молҳо

  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо инҳо мебошанд:

-шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳои содиршаванда;

-эъломияи гумрукии бор бо қайди мақоми гумруке, ки иҷозатимолҳоро таҳти низоми гумрукии содирот анҷом додааст ва ҳангоми содироти молҳо таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврӣ эъломияи пурраи гумрукии бор бо қайди мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол бо қайди мақоми гумруки дар гузаргоҳи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида. Дар ҳолати таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ, инчунин санади қабул ва супоридани молҳо низ пешниҳод карда мешавад;

-ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз бонк (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз таҳвили молҳо ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои дар хориҷа воқеъбуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамоянд.

  1. Дар ҳолате, ки агар шартнома (қарордод) ҳисобкуниро бо маблағҳои нақдии пулӣ пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда иқтибоси бонкро (нусхаи иқтибосро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои дар хориҷа воқеъбуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунанд, пешниҳод менамояд.
  2. Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба ивазкуниимолҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд, инчунин ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
  3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин моддапешбинишуда, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бор мебошанд, ки дар кишвари воридоти молҳои аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми содирот баровардашуда ба расмият дароварда шудаанд. Мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тасдиқи содироти молҳоро ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муқаррар намояд.
  4. Ҳангоми содироти минбаъдаи молҳое, ки қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми коркард берун аз қаламрави гумрукӣ бароварда шудаанд ё маҳсулоти коркарди онҳо, тасдиқи содирот мутобиқи қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 ҳамин модда, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:

-эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми коркард ба низоми содирот тағйир дода мешавад;

-эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми коркарди молҳо берун аз қаламрави гумрукӣ ба расмият дароварда шудааст;

-нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки ҳангоми воридоти бор ба қаламрави давлати ҳориҷӣ таҳти низоми коркарди молҳо дар қаламрави гумрукӣ (коркарди молҳо таҳти назорати гумрукӣ) ба расмият дароварда шуда, мақоми гумруки ин барасмиятдарориро анҷомдода тасдиқ кардааст;

-нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии содирот ҳангоми баровардани молҳо ё маҳсулоти коркарди онҳо аз қаламрави давлати коркарди мол барасмиятдароварда щудааст ва онро мақоми гумруки барасмиятдароварда тасдиқ кардааст.

  1. Бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба мақоми андози маҳалли бақайдгирӣ дар давоми 120 рўзи тақвимӣ аз санаи қайди мақоми гумрукии дар сархати дуюми қисми 1 ҳамин моддапешбинишуда андозсупоранда ҳуқуқ дорад андози мутобиқи қисми 2 моддаи 172 Кодекси мазкур ҳисобшударобаргашта гирад. Дар акси ҳол, андозсупоранда барои баргашта гирифтани андозе, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 172 Кодекси мазкур пардохт шудааст, ҳуқуқ надорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …