Главная / Ҷамъият / Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд, ки дар қарор ифода ёфтааст

Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд, ки дар қарор ифода ёфтааст

Моддаи 171-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд,  ки дар қарор ифода ёфтааст 

Қарор ба ҳолатҳои воқеии кор номувофиқ эътироф карда мешавад, агар:

– хулосаи суд бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ нашавад;

– суд ҳолатҳоеро, ки ба хулосаи он таъсири ҷиддӣ расонида метавонистанд, ба ҳисоб нагирифта бошад;

– далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доранд, мавҷуд бошанду дар қарор нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосҳо баъзе аз  ин далелҳоро қабул карда, далелҳои дигарро рад намудааст;

– хулосаи суд, ки дар қарор ифода ёфтааст, ихтилофҳо дошта бошанду барои ҳал кардани масъалаи гунаҳгор будан ё бегуноҳии шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, барои дурустии татбиқ кардани қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё барои муайян кардани чораи ҷазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …