Главная / Ҷамъият / Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмурӣ ё судӣ

Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмурӣ ё судӣ

Моддаи 170-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмурӣ ё судӣ 

  1. Тафтишоти  маъмурӣ ё судӣ яктарафа ё нопурра ба ҳисоб мераванд, агар зимни анҷом додани онҳо ҳолатҳои барои баровардани қарор аҳамияти ҷиддидошта, муайян карда нашуда бошанд.
  2. Тафтишоти маъмурӣ ё судӣ дар ҳама ҳолат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешаванд, агар доир ба парванда:

– шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодҳои онҳо барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофиқи қонун гузаронидани он ҳатмист, ҳамзамон ҳуҷҷатҳое талаб карда гирифта ё далелҳои шайъие дарёфт нагардида, ба парванда ҳамроҳ карда нашуда бошанд, ки аҳамияти ҷиддӣ доранд;

– ҳолатҳое таҳқиқ нашуда бошанд, ки дар таъиноти судӣ парвандаи маъмуриро ба тафтиши нави маъмурӣ ё муҳокимаи нави судӣ фиристода нишон дода шудаанд;

– маълумот оид ба шахсияти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда пурра муайян карда нашуда бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …