Главная / Ҷамъият / Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

Моддаи 169-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

  1. Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

– кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

– нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, агар корманд дар муҳлати даҳ рўзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақомот муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

– ҳуқуқ барои як сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рўи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

  1. Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, ба кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.
  2. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муҳлати дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи бо кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …