Главная / Ҷамъият / Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани қарор дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани қарор дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Моддаи 169-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани қарор дар суди марҳилаи кассатсионӣ 

Барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани қарор инҳо асос шуда метавонанд:

– яктарафа ё нопурра будани санҷиши ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё судӣ;

– мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар қарор  баён шудааст, ба ҳолатҳои воқеии парванда;

– ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– нодуруст татбиқ карда шудани қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва шахсияти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …