Главная / Ҷамъият / Озод кардан аз андоз

Озод кардан аз андоз

Моддаи 169-и Кодекси Андоз. Озод кардан аз андоз

  1. Озод кардан аз андоз аз арзиши иловашуда маънои онро дорад, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда амалиёти андозбандишаванда намебошанд ва арзиши онҳо аз ҷониби андозсупоранда ба амалиёти андозбандишаванда дохил карда намешавад, воридоти аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда бошад, ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил карда намешавад. Ҳамзамон, мутаносибан арзиши чунин таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ва чунин воридоти молҳо барои аз ҷониби андозсупоранда тибқи моддаи 181 Кодекси мазкур ҳисоб кардани андоз аз арзиши иловашуда асос шуда наметавонад.
  2. Таҳвили молҳо (ба ғайр аз содироти молҳо), иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд:

1) Фурўш, супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ба ғайр аз:

а) фурўш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;

б) фурўш ё супоридани биноҳои истиқоматии нави сохташуда;

в) фурўш ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад, ба истиснои фурўш ё супоридан мутобиқи моддаи 165 Кодекси мазкур.

2) Хизматрасониҳои алоҳидаи молиявӣ бар ивази подошпулӣ, ки номгўи онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷумла молу мулки моддии истеҳлокшаванда тибқи амалиёти иҷораи молиявӣ (лизинг) (аз ҷумла ҳавопаймоҳо), ки мутобиқи моддаи 15 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад, ба истиснои молу мулки ғайриманқул, автомашинаҳои сабукрав ва мебел.

3) Таҳвили пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок.

4) Хизматрасониҳои динӣ ва маросимӣ аз ҷониби ташкилоти динӣ.

5) Хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизматрасониҳои ё косметологӣ, дандонпизишкӣ ва санаторию курортӣ.

6) Хизматрасониҳои зерини муассисаҳои давлатии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар соҳаи маориф (дар ҳолати мавҷуд будани иҷозатнома, агар он зарур бошад):

а) таҳсилоти томактабӣ;

б) таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;

в) таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;

г) таҳсилоти олии касбӣ;

д) таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

е) таҳсилоти иловагӣ ва махсус.

7) Ройгон супоридани (даст кашидан аз) молҳо ба манфиатидавлат, таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба сифати кўмаки башардўстона.

8) Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳое, ки бевосита аз ҷониби муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, истеҳсол намудаанд (иҷро кардаанд, хизмат расонидаанд).

9) Таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон мувофиқи номгўе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

  1. Таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз ҷумла барои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)
  2. Намудҳои зерини воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:

-воридоти пули миллӣ ва (ё) асъори ҳориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

-воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷонибиБонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои Хазинаи давлатии сарватҳо;

-воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кўмаки башардўстона, воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд;

-воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмўи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд. Номгўи техникаи таъиноти кишоврзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилӣ ба он мутобиқи номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

-воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгўи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-воридоти молҳое, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ (қарзӣ) амалӣ мешаванд;

-воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)

– воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1423)

-воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) тибқи номгўй ва ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита истеҳсолкунандагонбарои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳанд;

-воридоти алюминийи аввалия;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– воридоти техникаи  ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин арзиши хизматрасонии таъмир ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо;  (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1046); (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгўе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …