Главная / Ҷамъият / Ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи  167-и Кодекси оила. Ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 

  1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки монеъи ақди никоҳ мегарданд, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
  3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад.
  4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он ҷои истиқомати доимӣ дорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …