Главная / Ҷамъият / Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ

Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ

Моддаи 166-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ 

  1. Раисикунанда маҷлиси судро кушода, эълон мекунад, ки кадом парванда ва дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионии кӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Пас аз ин раисикунанда муайян мекунад, ки аз рӯи ин парванда киҳо ҳозир шудаанд ва баъд суд масъаларо дар бораи имконияти баррасии парванда ҳал менамояд. Сипас раисикунанда ҳайати суд, прокурор ва тарҷумонро эълон мекунад ва ба шахсони ба суд ҳозиршуда ҳуқуқи изҳори рад карданро фаҳмонида, аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не. Оид ба радкунии арзшуда суд таъинот мебарорад.
  2. Раисикунанда аз шахсони ҳозиршуда дар бораи дархости онҳо мепурсад ва суд аз рӯи баррасии дархост таъинот мебарорад.
  3. Баррасии парванда бо иттилооти судяи маърӯзакунанда оғоз ёфта, ӯ моҳияти парванда ва ваҷҳҳои шикоят ё эътирозро баён мекунад. Пас аз маърӯза шахсони шикоят ё эътироз арзкарда ваҷҳҳои худро асоснок мекунанд. Дар сурати пешниҳоди маводи иловагӣ раисикунанда ё судяи маърӯзакунанда онҳоро эълон мекунад ва барои шиносоӣ ба прокурор ва шахсони дар моддаҳои 26-30 Кодекси мазкур пешбинишуда медиҳад, агар онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд. Пас аз ин шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, ҷабрдида, ҳимоятгарони онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, агар дар мурофиа иштирок дошта бошанд, баёнот медиҳанд. Баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъинот ба хонаи машваратӣ меравад.
  4. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошад.
  5. То сар шудани маҷлиси суд шахсе, ки аз қарор ё таъинот шикоят ё ба он эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад шикоят ё эътирози худро бозхонад. Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад, ки эътирози овардаи прокурори поёниро бозпас хонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …