Моддаи 161-и Кодекси Меҳнат. Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат
Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба дастомада ба ҳисоб рафта, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад.