Главная / Ҷамъият / Талабот оид ба додани ариза барои бақайдгирӣ

Талабот оид ба додани ариза барои бақайдгирӣ

Моддаи 161-и Кодекси Андоз. Талабот оид ба додани ариза барои бақайдгирӣ

  1. Шахси машғули фаъолияти соҳибкорӣ, ки даромади умумиаш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди даромади як миллион сомонӣ зиёд шудааст, уҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ гузарад ва ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда якҷоя бо ариза барои гузаштан ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ ариза диҳад. Ҳадди даромад барои бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, татбиқ намегардад ва шахсони мазкур уҳдадоранд на дертар аз 15 рӯзи тақвимӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аризаро пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Агар даромади умумии ғайрирезидент дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ аз таҳвили молҳои, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳоизерин (ба истиснои воридоти молҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кибо муассисаи доимии ин ғайрирезидент алоқаманд нест,аз ҳадди як миллион сомонӣ бештар бошад,зимнан гирандагони ин молҳо (кору хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандагони андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, ў ўҳдадор аст бо мақсади бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-корҳо (хизматрасониҳо) дар амал аз ҷониби шахсе иҷро шудаанд, ки ҳангоми иҷрои ин корҳо (хизматрасониҳо) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дошт, новобаста ба он, ки ин корҳо (хизматрасониҳо) аз ҷониби шахсони воқеии кироякор ё ташкилотҳои (пудратчиёни) ғайрирезидент иҷро шуда бошанд;

-корҳои (хизматрасониҳои) иҷрошуда бевосита бо молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда алоқаманд бошанд;

-ба мизоҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизматрасониҳои алоқаи барқӣ, пахши радио ва телевизионӣ расонида шудабошад;

-ба зангҳои телефонии аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда хизмат расонад ва (ё) шахси пардохткунандаи чунин зангҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дошта бошад;

-хизматрасониҳои суғуртавии таваккалҳо ва (ё) молу мулки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ба истиснои хизматрасониҳои суғуртавии ҳаёт, анҷом дода шуда бошанд.

  1. Вориси ҳуқуқии андозсупорандае, ки фаъолияти андозсупорандаро давом медиҳад, ўҳдадор аст ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми 10 рўзи баъди ба даст овардани ҳуқуқ ариза диҳад.
  2. Шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, аз санаи бақайдгирии давлатӣ уҳдадоранд бо мақсади бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …