Главная / Ҷамъият / Баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 156-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  

  1. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарори мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болоӣ баррасӣ карда мешаванд.
  2. Ҳангоми баррасии шикоят ё эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ:

– эълон карда мешавад, ки шикоят ё эътирозро кӣ баррасӣ менамояд, кадом шикоят ё эътироз баррасӣ мегардад ва кӣ шикоят ё эътироз овардааст;

– ҳозир будани шахси воқеӣ ё намояндаи қонунии ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул карда шудааст, инчунин ҳозир будани шахсони барои иштирок дар баррасии шикоят даъватшуда муайян карда мешавад;

– ваколати намояндаи қонунии шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ҳимоятгар ва намоянда санҷида мешавад;

– сабабҳои ҳозир нашудани иштирокчиёни пешбурди парванда муайян карда мешавад ва дар бораи баррасии шикоят ё эътироз дар ғоибии чунин шахсон ё оид ба мавқуф гузоштани баррасии шикоят ё эътироз қарор қабул карда мешавад;

– ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни пешбурди парванда фаҳмонида мешаванд;

– раддия ва дархостҳои изҳоршуда ҳал карда мешаванд;

– шикоят ё эътироз эълон карда мешавад;

– мувофиқи маводи мавҷудаи парванда ва ба таври иловагӣ пешниҳодгардида қонунӣ ва асоснок будани қарори қабулшуда, аз ҷумла баёноти шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул гардидааст, санҷида, ҳангоми зарурат баёноти дигар шахсони дар баррасии шикоят иштироккунанда, шарҳи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида, дигар далелҳо тадқиқ карда мешаванд, инчунин амалҳои дигари мурофиавӣ мутобиқи Кодекси мазкур анҷом дода мешаванд;

– дар баррасии парванда агар прокурор иштирок дошта бошад, хулосаи ӯ шунида мешавад.

  1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки шикоят ва эътирозро баррасӣ менамоянд, бо ваҷҳҳои шикоят ва эътироз маҳдуд нашуда, парвандаро дар ҳаҷми пурра месанҷанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …