Главная / Ҷамъият / Мӯҳлатҳои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Мӯҳлатҳои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 155-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлатҳои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар мӯҳлати даҳ шабонарӯзи баъди ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми маводи парванда аз тарафи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) баррасӣ карда шаванд.
  2. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ба вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ алоқаманд мебошанд, бояд дар мӯҳлати панҷ шабонарӯзи баъди ворид шудани онҳо баррасӣ карда шаванд.
  3. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарори ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар мӯҳлати як шабонарӯзи баъди шикоят ва эътироз овардан баррасӣ гарданд, ба шарте ки шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда таҳти ҳабси маъмурӣ қарор дошта бошад ё бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ҳамчун боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият бояд дар мӯҳлати панҷ шабонарӯзи баъди ба мақомоти болоӣ ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми мавод баррасӣ гарданд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …