Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан
19.04.2018
69 Показы
Моддаи 154-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан

- Шикоят кардан ва эътироз овардан иҷрои қарорро ба истиснои иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ бозмедорад.
- Пас аз гузаштани мӯҳлати барои шикоят кардан ё эътироз овардан муайянгардида судяе, ки қарорро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродҳои нисбат ба он расида ба суди марҳилаи кассатсионӣ мефиристад ва дар ин бора шахсонеро, ки шикоят ё эътироз овардаанд, огоҳ мекунад.
- Шахсе, ки аз рӯи қарор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро то оғози маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бозхонад.
- Шахсе, ки аз рӯи қарор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро тағйир диҳад ё шикоят ё эътирози худро бо далелҳои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тағйир додани шикоят, ҳамчунин дар шикояти иловагии ҷабрдида ё намояндагони онҳо, ки пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътироз ба қарор пешниҳод шудааст‚ дар бораи бад кардани вазъи шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, агар чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда ҷой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-19
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …