Главная / Ҷамъият / Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани уҳдадории кормандони ба кор ҳозирнабуда

Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани уҳдадории кормандони ба кор ҳозирнабуда

Моддаи 152-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани уҳдадории кормандони ба кор ҳозирнабуда

  1. Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқшудаи худ аз рўи ихтисос, дараҷа ва вазифа (мансаб) дар муддати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи давомнокии рўзи корӣ (басти корӣ) бе озодшавӣ аз кори асосӣ корҳои иловагиро аз рўи дигар ихтисос иҷро мекунанд, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапулӣ дода мешавад.
  2. Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапулӣ бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …