Главная / Ҷамъият / Фоида ва зарар ҳангоми фурўш ё супоридани дороиҳо

Фоида ва зарар ҳангоми фурўш ё супоридани дороиҳо

Моддаи 152-и Кодекси Андоз. Фоида ва зарар ҳангоми фурўш ё супоридани дороиҳо

  1. Фоида аз фурўш ё супоридани дороиҳо фарқи мусбии байни маблағҳои аз фурўш ё супоридани дороиҳо бадастомада ва арзиши дороиҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур муайян карда мешавад. Ҳангоми дар асоси ройгон ё бо нархҳои тахфифӣ супоридани дороиҳо фоидаи шахсе, ки дороиҳоро медиҳад, ҳамчун фарқи мусбии байни нархи бозории молу мулки ба ҳамин тарз супоридашаванда ва арзиши он, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур муқаррар мегардад, муайян карда мешавад.
  2. Зарари аз фурўш ё супоридани дороиҳо расонидашуда фарқи манфии байни маблағҳои аз фурўш ё супоридани дороиҳо воридгардида ва арзиши дороиҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
  3. Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модданисбат бадороиҳои тибқи гурўҳҳо истеҳлокшаванда, инчунин нисбат ба захираҳои молию моддӣ татбиқ намегарданд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …