Главная / Ҷамъият / Тартиби барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан

Тартиби барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан

Моддаи 151-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан

  1. Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан бо дархости шахсе, ки нисбати ӯ қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул шудааст, ин мӯҳлат мумкин аст  аз ҷониби судя ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, барқарор карда шавад. Ҳангоми баррасии дархост дар бораи барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳуқуқ доранд, шахсеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунанд. Дархост дар бораи барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод карда шавад.
  2. Дар бораи барқарор ё рад кардани дархост оид ба барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан таъинот ё қарор бароварда мешавад.
  3. Аз болои таъинот ё қарор дар хусуси рад кардани барқарор кардани мӯҳлати гузаронидашуда, ба суди болоӣ шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …