Главная / Ҷамъият / Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд

Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд

Моддаи 147-и Кодекси оила. Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд 

  1. Васояту парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Васоят барои ноболиғони то синии  чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
  3. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.
  4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кӯдакони ноболиғ тавассути Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …