Главная / Ҷамъият / Маълумотҳое, ки дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд

Маълумотҳое, ки дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд

Моддаи 143-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Маълумотҳое, ки дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд 

  1. Дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маълумотҳои зерин  нишон дода мешаванд:

– вазифа, насаб, ном ва  номи падари судяе, ки таъинотро баровардааст;

– сана ва маҳалли баррасии ариза, дархост ва маводи парванда;

– маълумот дар бораи шахсе, ки ба ин парванда аризаю дархост намудааст ё нисбати ӯ маводи парванда баррасӣ гардидааст;

– мазмуни аризаю дархост;

– ҳолатҳое, ки зимни баррасии ариза, дархост ва маводи парванда муқаррар карда шудаанд;

– қароре, ки аз рӯи натиҷаи баррасии ариза, дархост ва маводи парванда қабул гардидааст.

  1. Дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судяе, ки таъинотро баровардааст, имзо мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …