Главная / Ҷамъият / Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об

Моддаи 142-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об

1.Шахсоне, ки дар содир  намудани кирдорҳои дар моддаи 124 Кодекси мазкур  пешбинӣ гардида гунаҳкоранд, инчунин барои амалҳои  зайл тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

-худсарона истифода бурдани об,  гирифтани об  бо вайрон кардани  шартномаҳо;

-ифлосу олуда намудани об;

-ба истифода додани корхонаҳо, иншооти коммуналӣ ва дигар  объектҳо бидуни иншоотҳои пешгирикунандаи  ифлосу олудашавии  об ё таъсири зараровари он;

-вайрон кардани низоми ҳифзи об дар ҳавзаҳои обҷамъшаванда, ки боиси ифлосшавии он, аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;

-вайрон кардан   баҳисобгирӣ ва ҳисоботи истифодаи об;

-худсарона анҷом додани корҳои гидротехникӣ;

-хароб кардани объектҳои хоҷагии об ва дастгоҳҳо;

-вайрон кардани талаботи меъёрию техникӣ  санитарию гигиенӣ ва метрологӣ оид ба тартиби амалӣ гирдонидани назорат ва баҳисобгирии истифодаи об;

-даст кашидан аз пешниҳоди иттилооти дурусту саривақтӣ ё додани ахбори ғалат дар бораи ҳолат ва истифодаи захираи об;

-кори ғайриқанотбахши иншооти тозакуанда аз меъёри зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;

-вайрон кардани низоми хоҷагӣ дар  объектҳои об ва иншооти хоҷагии об ки боиси ифлос шудани онҳо аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар  омилҳои зараровар мегарданд;

-партофтани обҳои партови ифлоскунанда ба сатҳи обҳои зеризаминӣ.

2.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад  барои дигар намудҳои вайрон кардани қонунгузории об ҷавобгарӣ муқаррар намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …